fonts: http://www.orwell.ru/test/download/    .PDF

Роҳи Исои Масеҳ

Исо, Спиритуалитет ва замин:

Роҳи Исои Масеҳ, саҳми ӯ барои шуурнокии одамй ва тағйирёбии инсоният ва кураи замин:

Саҳифаи мустақили ахборотй бо ҷаҳ онбиниҳои нав аз бисёр соҳ аҳои рӯзгор ва тадқиқот; бо нуктаҳои мусбй барои инкишофи шахсй.

Дар ин саҳифаи мазкур Шумо метавонед бо забони тоҷикй дар робита бо як дуо баьзе дастурҳои муҳиме дастрас намоед.

+

Гузашта аз ин Шумо метавонед бо чандин забонҳои дигар1) матнҳои хурди ба мисли „Дин ҳ амчун алоқаи бозпас бо Худо" ва инчунин „Исои Масеҳ ва Ислом"-ро пайдо кунед.

Шумо инчунин метавонед бо забонҳои дигар2) шарҳи муфассали моро дар бораи Инҷил ва тарғибгарии Иоанна ва инчунин боби махсусе бар бораи бархе аз мавзӯь ҳои дигар3) пайдо кунед.

Маьлумот дар бораи: Исо ва Ислом
түзету енгізмлген.

 

1) Шарҳҳои мухтассар: türkçe ...

2) Шарҳҳои муфассал бо забонҳои инглисй ва олмонй ҳамеша бо тағьйиротҳои нав нашр мешаванд. ...
  Ба ғайр аз ин:   ...

+

http://www.ways-of-christ.com/tg

Дуо баҳри амонй, ҳаёт ва замин.

Ин дуо ҳамзамон назари масеҳиро дар нисбати таьсирнок кардани дуо шарҳ медиҳад.

Худоё, пайдоиши ман, кумак ва орзуву омоли ман!
Бо Исои Масеҳ муттаҳид шуда, барои ҳама он чизе, ки аз ту меояд, сипосгузорам.
Бубахшо гуноҳамро, ки аз ту ҷудо шудам.
Илтиҷо дорам, иҷозат деҳ, то бо мадади рӯҳи ту эҷодкор гардам.

Маро роҳнамой кун, то ба дигарон дар тай кардани ин роҳ осебе нарасонам. 
роҳнамои ман бош, то ки ман дигаронро дар маслаки ту мададгор бошам. 
Маро дар ин роҳам нигаҳбон бош*!

Ба одамон илҳом бахш, то ихтиёри ҳаёт ва мамотро ба дасти ту гузоранд**.
Ба ононе, ки дар офаридани ту кӯшиш доранд, кумак кун***.
Ин дунёро барои расидан ба замони нави баёнкардаат роҳбаладй кун.****

*) Инҷо метавонанд  дигарон илова ё ҷалб карда iаванд.

**) Ин ҷо ҷузьиётҳоро метавон дохил кард ва ё охиран дар мушоҳидаҳои медитативй ба монанди барҳам додани таҷовуз ва ё зӯрйовуз истифода бурд ва инчунин дар ҳалли масьалаҳои таҷовуз ва зӯрй яке аз асосҳои онро бартараф кард; гузаронидани мусоҳибаи осоишта миёни некхоҳони дин; му- кунед. Мат. 5: 9 ва 26:52.

***) Табиати ҷабрида ёриву мадад металабад. Вақти он расидааст, ки Худо ва инчунин Исоро илтиҷо кунем, то ӯ моро аз қаҳру зулми табиат раҳо бахшад. Аммо ин барои тағьир додани рафтори инсон нисбат ба офаридагор ҷойивазгар шуда наметавонад.

****) Ба Лука 11:2; 21:31, Апостел 11:16; ... инчунин ба „Падари мо“, Матфей 6, 7-15. нигаред. Парвардигор метавонад он муҳаббатеро, ки ба ӯ бахшидаанд, дубора ба бандагонаш ато кунад.
Дуо ва ҳаёту рафтор дар рӯ ҳияи ягона шомили якдигаранд ва ҳар ду якдигарро пурра мекунанд.

Маьлумот дар бораи: Исо ва Ислом

 

3) Шакли муфассали матни асосй дар забонҳои дигар дорои бобsои зерин аст: Қисми 1: Муқаддима дар бораи маьнй ва истифодаи ин матн, бо нишондодsои методй барои медитатсия ва ғ. ҳ.; „Дар оғоз сухан буд" ва „сухан гушт гашт", Исо аз Назарет: тавлиди ӯ, бо саҳифаҳои иловагй дар бораи наҳзат дар ҷаҳони масеҳй; Оё метавон воқеаи муҳимеро дар солҳои ҷавонии Исо пайдо намуд? Мулоҳизаҳо дар ҳошияи матн дар хусуси баҳс дар бораи „ду хизматгори Исо"; дар бораи салибкашии Йордан тавассути Йоаннаи салибкаш; бо саҳифаҳои махсуси иловагй: Мулоҳизаҳо дар мавриди салибкашй дар замони мо: Сукут дар биёбон; Васвасаҳо; Маросими тӯй дар Каньон; (Ақидаи масеҳй доир ба шаҳвоният, ҳусни таваҷҷӯҳ, ҳиссиёти дарк кардани дигаре ва ҳиссиёти муҳаббат); „ҷидду ҷаҳди муқаддас" (ва нуқтаи назар доир ба ҳиссиёт); Дар бораи хутбаи кӯҳ (нуқтаҳои назар оид ба фаҳмиш ва дарк); Тағьири рӯҳии Исо дар кӯҳи Табор; Масьалаи амалҳои муьҷизаовар; Зиндагардонии Лацарус: „гусфандҳо"; Масеҳият ва шустани пой ва марҳаммолй дар Бетания (назарияҳои муҳими спиритуалистии масеҳй; маросими хӯроки шом, ба асоратгирй ва тозиёназанй; маросими хорчанбаргузорй ва нутқи видоьй; Ба салиб кашидан ва ба қабр гузоштан бо мулоҳизаҳо аз лиҳози тасаввуфи масеҳй; масьалаи қабри холй, ҳаҷр ба ҷаҳаннам, сафари „ҷаннат"; наҳзат; парвоз ба ҳаво, болоравй; воқеаи сегона; расми Исо. Боби 2: Апостоли Иоанна; Дар бобати муносибат ва муомила бо пешгӯй; Доир ба мундариҷаи Апокалипсиси Иоанна: Ҳафт калисо бо саҳифаҳои иловагй доир ба калисоҳо ва инчунин экуменаҳои имрӯза; ҳафт мӯҳр; ҳафт тромбон; ҳафт раъду барқ ва ду пайғамбар; зан ва аждаҳо; Махлуқи ҳафтсара аз дарё; Ҳайвони заминй; Ҳафт азоби охирин ва анҷоми маҳшар, ва вуруди дуюмбораи Исо; Мулки амонии ҳазорсолаи аслй; Осмони нав, замини нав ва Исроили нав; Боби хотимавй: масеҳиявй; Тахта: рафтори масеҳй „дар ҷаҳон ва на балки аз ҷаҳон"; „Роҳи саввум "; Ишораҳо ба сифати пешкашкунй, шакли чопшуда ва ҳуқуқҳо; Формулаи почтаи электронӣ. 3. Мавзӯъҳои дигар: Ибодат; Асосҳои арзишҳои одобу ахлоқ; Ислоҳоти назарияҳои муосири масеҳӣ; Исои Масеҳ, ғизои одамизод ва ҳифзи ҳайвонот; Илмҳо ва эътиқод ба Худо; Исои масеҳ ва шифоёбӣ - ҳатто имрӯз; Фотиҳа ва ризоят; Нуқтаи назари насронӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ; Нуқтаи назари насронӣ оид ба ҷомеа ва сиёсат; Дин ва фалсафа: шарҳу эзоҳ ба маърӯзаи Хабермас; экология; ҳаёти ҳоло ба вуҷуд наомада; Саҳифаҳои зерин ва мактабҳои гуногуни илми илоҳиёти насронӣ; Медитатсияи (мулоҳизаҳои) насронӣ; Илҳом ва калисоҳо; Масъпаи ҳаёт баъд аз марг ва оқибатҳои он барои ҳаёт пеш аз марг; Дини насронӣ вобастагии он ба дигар таълимотҳо оид ба "Қисмат" ва "реинкарнатсия таҷассум ба шакли нав"; ... 4. Таврот ва мусоидат намудан ба мусоҳиба бо дину мазҳабҳои дигар: Таврот, Дини яҳудиён ва Исои Масеҳ; "Исои масеҳ ва дини Ислом"; Дини Заратуштра (парсизм); "Дини Буддо"; "Индуизм"; "Даосизм ва таълимоти Конфутсий"; "Шинтоизм ва дину мазҳабҳои табиӣ, Дину мазҳаб ҳамчун воситаи "аз нав пайваст намудани одам" бо Худо.

Ҳа қи қалам: Шумо метавонед саҳифаҳои моро бе тағьирот чоп карда ва ба хоҳишмандон диҳед.

Почтаи барқй (Лутфан бо забони англисй ва ё олмонй нависед). 


Маълумот дар бораи: Исо ва Ислом

Музокираи байнимазҳабӣ

Гузориши мазкур барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани якдигарфаҳмии байни динҳо пешбинӣ шуда, саҳмест барои «музокиротҳои осоиштаи байнимазҳабӣ, ки солҳои дарози инҷониб идома дорад. Ин мулоҳизаҳо барои ба таври пурра тасриф намудани Ислом далолат намекунанд, зеро ки дар дунё мактабҳои мухталифи исломӣ вуҷуд доранд.

Қуръон *) ва дигар адёни каломӣ

Мафҳуми Ислом маьнои «мутеъ будан ба хости Худо» - ро дорад. Каломи шарифи Ислом, Қурьон, ки ҳамчун илҳоми илоҳӣ дониста мешавад, ба Пайғомбар Муҳаммад аз тарафи Худо ва ё Малоика Ҷабраил, ки дар олами масеҳӣ ҳамчун Малоикаи муқарраб Гавриил муаррифӣ мешавад, пешниҳод шудааст.

Гузашта аз ин, барои шарҳу тасрифи гуфтаҳои боло дигар анъанаҳо (ба мисли сунна, ки тарҷумаи таҳтуллафзиаш «одат» аст), ки аз давраҳои Пайғомбарон боқӣ мондаанд (Ҳадис), нақшеро низ иҷро мекунанд. Илова бар ин бояд ба назар гирифт, ки ба мисли масеҳиён мусалмононе низ ҳастанд, ки Каломи Шарифро ба таври комил намедонанд.
Масеҳиён ва Ҷуҳудон дар Қуръони Шариф, дар баъзе мавридҳо ҳатто ба таври мустақим, ҳамчун «эй мардуми аҳли калом» (масалан дар сураи 4,171*) ва ҳамчун «эй фарзандони Исроил» ном бурда мешаванд. Аз ин рӯ онҳо метавонанд бо Қуръони Шариф низ машғул шаванд (агарчанде онҳо дар бисёр мавридҳо аз ин сарфи назар мекунанд). Илмҳои адёншиносӣ дар ҳар сурат бо омӯзиши каломҳои муқаддаси ҳама динҳо ва таърихи рушди тафсиру маънидод намудани онҳо машғул аст.

Каломҳои муқаддас бояд бо эҳтироми хосса омӯхта шаванд. Як идда шореҳони мусалмони Қуръони Карим менависанд, ки гуё як нахустшакли Қуръон вуҷуд дошта назди Худо маҳфуз аст. Ва Қуръон маҳз дар ин шаклаш танҳо барои малоикаҳои пок, инчунин фиристодаҳои поки инсонӣ дастрас аст. Бархе аз дигар тафсиргарон бошанд ба он назаранд, ки хонандагони китоби Қуръони Маҷид, ки дар рӯи замин вуҷуд дорад, бояд поку беолоиш бошанд.

Пайғомбар ҳамчун «Фиристодаи Худо барои муддати муайян» (ва ё мӯҳлати мутаввасит) ҳисобида мешавад, ки дар ин мӯҳлат Фиристодагон дар канор мондаанд. (Сураи 5, 19*). Қуръони Маҷид мардуми боимонро дар асоси таьлимоти Муҳаммади Пайғомбар ба «мардуми китоб» (мардуми калом) ва беимонон ҷудо мекунад. Бо «мардуми калом» бахусус ҷуҳудон ва масеҳиён дар назар дошта мешавад, ки дар баробари мусулмонон дар асоси анъанаҳои умумӣ арзи ҳастӣ доранд ва инчунин дар баъзе мавридҳо пайравони ҷараёни Зардуштия низ дар назар дошта шудаанд. (Сураи 22,17*). Зеро Қуръон он силсилаи Пайғомбаронеро эьтироф мекунад, ки таьлимотҳои ба ҳам мувофиқи яккаву ягона будани Худо, рӯзи маҳшар (рӯзи қиёмат), инчунин дуо баҳри мардум ва ё мардумоне додаанд, ки дар замони онҳо мезистанд. (Сураи 6, 83 – 92; Сураи 7 ва 4,136*). Аз ин лиҳоз мардуми ин адён то он вақте, ки ба ин асосҳои умумӣ бовар доранд, дар Қурьон мардуми беимон шумурда намешаванд. (Сураи 5, 48* ва д.).
Дар садсолаҳои аввалини замони Ислом мардумони масеҳӣ ва ҷуҳудон барои қабул кардани дини ислом маҷбур карда намешуданд (дар асоси таълими Қуръон, ки мегӯяд «дар Ислом маҷбурият вуҷуд надорад, нигар сураи 2,256*).
Иброҳим яке аз Ҳанифаҳое ба шумор мерафт, ки дар алоҳидагӣ ба таври мустақим боварии вуҷуд доштани Худои яккаву ягонаро пайдо кардаанд.
Вожаи Оллоҳ бо маънои пешазисломии худ ол-илоҳ, ки ба забони арабии кӯҳан таалуқ дорад, ҳамчун калимаи семитӣ бешубҳа дорои ҳамон сарчашмае аст, ки вожаи «Елоҳим» дорад. Елоҳим дар китобҳои ҳебреии Месо ба сифати номи Худо омадааст.

Ҳамчун «беимонон», ки маънои таҳтуллафзии он «зери чодарон» мебошад, дар даврони Пайғомбар Муҳаммад А.С. дар маънои тангаш ҳамчун «бисёрхудоён ё бутпарастон маънидод шуда, Пайғомбар дар Арабистон бар зидди намояндагони онҳо мубориза мебурд. Ин ҷо Сухан дар бораи нафароне меравад, ки дар китоби Тавроту Инҷил-и ҷуҳудону масеҳиён низ барои аз онҳо эҳтиёт шудан ишора меравад. Бо маънои васеъаш бошад дар ҷаҳони ислом «беимон» ва ё худ «кофир» гуфта нафаронеро меҳисобанд, ки беимон буда, ба Худо ва рӯзи маҳшар (қиёмат) боварӣ надоранд. Дар баъзе мавридҳо ин мафҳум барғалатона нисбати мардуми ғайримусалмон низ истифода бурда мешавад, ҳатто нисбати мардуми мусулмоне, ки ба ҷараёни дигари дини ислом имон дорад.

Исои Масеҳ дар Қуръон

Бояд қайд кард, ки Қуръон Исоро дар бисёр мавридҳо ҳамчун Пайғомбар, чун Фиристодаи Худо ва ҳамчун «Каломи» Худо дар маьнои муфасал шарҳнашаванда ва охиран ҳамчун рӯҳи Худо эьтироф мекунад (Сураи 4,171), ки «ба мисли Бобо Одам офарида шудааст». (Сураҳои 2, 3, 5, ...). Ҳамин тариқ, вай дар ҷаҳони Исломи нек фаҳмидашаванда дар ҳар сурат дар муқоиса бо ақидаҳои диншиносони ҳамзамони масеҳӣ, ки ӯро ба ҷуз Исои ислоҳотгари иҷтимоиёт бештар намедонанд, зиёдтар дониста мешавад. Танҳо таьлимот дар бораи писари Худо будани Исо, ки аз тарафи масеҳиёни ҳамзамони Муҳаммад зуҳуротӣ заминӣ фаҳмида мешуд, дар чаҳорчӯбаи таълимоти дертар ба вуҷудомадаи сегонагии Падар Худо, Писар ва Рӯҳи муқаддас дар Қурьон эътироф карда нашуд. Ва дар он давра масеҳиёне ёфт намешуданд, то ин мафҳумро назар ба шарҳи дар «Каломи Худо» Йоаннаи 1 омадашуда ба пайравони дигар адёнҳо ба таври мушаххастару фаҳмотар шарҳ диҳанд (Масалан Сураи 6, 101*).
Дар номаи Румиҳо 1.4 зикр шуда аст, ки Исо дар нерӯи Рӯҳи муқаддаси худ «ҳамчун Писар» омадааст, яъне ӯ зода нашудааст.
Бо таьлимоти мазҳаби мусулмонӣ, ки дар асоси он гӯё Худо таваллуд нашудаасту Исои Масеҳро таваллуд накарда, балки онро офаридааст, Масеҳиён дар маҷмӯъ ҳамфикр ҳастанд. Гузашта аз ин мафҳуми (юнонии) «логос», ки дар Инҷил маҳз барои мафҳуми пайдоиши худованд ва ё фиристодани Исои Масеҳ истифода шудааст, дар Евангелия низ ба сифати «Калом» (ба боло нигаред) тарҷумаи худро ёфтааст, ки дар Қурьони Шариф барои Исо истифода бурда мешавад. Шояд дар илҳоми Қурьон ба мисли Инҷил сиррҳое ниҳонанд, ки то ба ҳол онҳо аз тарафи мусулмонон ва масеҳиён ошкор ва маьнидод карда нашуда, миёни тарафдоронашон дар болои онҳо баҳсу талош ва музокиротҳои барабас мавҷуданд? Маънидодкунии ин таьлимот, ки аз тарафи масеҳиён, ҳамчун «таьлимоти бисёрхудоӣ» фаҳмида мешавад, ба он назарияе, ки худи Исо таълим дода буд, мувофиқат намекунад: „Аз номи ман (яьне, сидқан бо Исо муттаҳид) ба падар (Худо) саҷда кунед (Иоаннаи Евангелӣ 15:16). Тамоми мӯҳтаво дар гирди ҳаёти Исо ва ягона Худое давр мезанад, ки ӯ бо ин Худо сидқан муттаҳид буд ва ба назди ҳамон Худое ки маҳз ӯ, яьне Исо, одамонро мебарад.

Мафҳуми «Рукн» (дар Евангелияи Йоанна 1 « Каломи Худо», ифодае, ки онҷо бо масеҳият марбут аст) дар тарҷумаи Қуръон, ки аз тарафи Парентс ба олмонӣ баргардонда шудааст, новобаста аз Исо зикр шудааст, вале дар тарҷумаҳои дигари Қуръон ҳамчун «Ҳоҷати» Худо ва ё «Амри» Худо фаҳмида мешавад (Сураҳои 13,2 ва 13,11*).

Қуроъон Исоро «офаридае ба мисли Бобо Одам» медонад, ки ӯро Худо аз гил офаридааст (Сураи 3, 59*) ва дар бораи фиристодаи Худо аз рӯҳи Худо сухан меронад, ки дар натиҷаи таваллуди Марями бокира фиристода шуда (Сураи 19, 17-22*). Дар шакли масеҳӣ бошад фариштаи Худо таваллуди Исоро аз Рӯҳи Муқаддас эълон кардааст. Дар Қуръони маҷид низ омадааст, ки Исо бо Рӯҳи Муқаддас қавӣ гашт (Сураи 5, 110*).

Мувофиқи Қурьон Исои ҷавон наҳзати худро эьлон кард. (Сураи 19, 33*), ки онро метавон ба маьнои бозгашти ӯ дар «рӯзи қиёмат» (яъне дар рӯзе, ки мардумони имондор дубора эҳё мешаванд) маънидод намуд, чуноне ки он дар Қуръон низ дар бисёр мавридҳо ёдрас мешавад. (Сураи 4, 159*). Қурьон дар бобати зинда ба осмон бардошта шудани Исоро низ гуфта мегузарад (Сураи 4 157–159*, Сураи 3, 55*).
Мусулмонон ва масеҳиён дар мавриди зерин фикрҳои мухталиф доранд: Масеҳиён бар он ақидаанд, ки Исои Масеҳ пеш аз ба осмон реҳлат карданаш ба салиб кашида шуда буд. Ӯ фавтида ва бо мадади Худо аз марг эмин монд. Мусулмонон бошанд мӯътақиданд, ки ӯ бе он ки ба салиб кашида шавад ба осмон бардошта шуд. Вале эътиқоди ягонаи ҳар ду тараф аз он иборат аст, ки вай, яъне Исои Масеҳ, пеш аз ба осмон реҳлат карданаш ба ҳеҷ ваҷҳ «нафавтида» буд, балки, масалан, мардумро таълим медод. Дар сураҳои 3,55* ва ё 5,48* омадааст, ки «... ман онро пок мекунам» ва «ҳамаи шумо ба назди ман хоҳед баргашт ва ман (Худо) масъалаи дар миёни шумо вуҷуд доштаро, ки дар борааш шумо дар ҳайёти заминӣ мӯътақид набудед, ҳал хоҳам кард. Ҷавоби баьзе сиррҳои пӯшида мондаро масеҳиён ва мусулмонон метавонистанд дар осудагӣ, ва бе он ки ба якдигар ҷангу муноқиша кунанд, интизор шаванд.

Дар Қуръон ба ин монанд наҳзати мусулмонон дар рӯзи маҳшар низ вуҷуд дорад (Сураи 36, 77-83, Сураи 69, 13-37; Сураи 75, 99* ва д.). Исо бармегардаду барои мардуми имондори калом шоҳид мегардад (Сураи 4,159. муқ.кунед: Сураи 16,89*). Он нафароне ки ба Худо ва рӯзи Қиёмат боварӣ доранд ва он кори дурустро - ба маьнои  заруратҳои диниро иҷро мекунанд, мувофиқи васияти Қурьон аз Қиёмат набояд тарсу ҳарос дошта бошанд, ҳатто агар онҳо мардуми мусулмон ҳам набошанд. (Сураи 2, 62, Сураи 4,123-124; Сураи 7,170*). Қиёмат дар Қуръон ба мисли дар Инҷил ба таври пурра кори Худо аст, на кори бандагони он, сарфи назар аз он ки онҳо масеҳӣ, мусулмон ва ё ҷуҳуд бошанд.
Чунин муқоисаҳо миёни адёнҳо барои ба мустақилият будани Қуръон шубҳа ҳосил намудан оварда намешаванд.)

Дар бораи асосҳои этникии ислом ва масеҳия

Асосҳои этникии се адёни номбурдашудаи ибрoҳимӣ бо якдигар робитаи зич доранд. Заруриятҳои динӣ, агарчи шумурдa нашаванд ҳам, вале дар Қурьон зикри худро ёфтаанд (чунончи дар Сураи 17,22-39, Сураи 5,38-40, Сураи2,188, Сураи 4,135, Сураи 2,195 ва Сураи 17,70* (арзиши инсонӣ). Масалан Қуръон қатли бандаҳои бегуноҳро ба таври қотеъона ва бидуни истисно манъ мекунад. Мафҳуми «ҷиҳод» - «ҷанги муқаддас» дар ин маьно на аз Қурьон пайдо шуда, балки гуфтаҳои Муҳаммад ва мактабҳои шариатии исломӣ аст.***) Заҳмати фикрӣ ва ё рӯҳӣ дар ботини шахс аз болои ҳавасҳои худобехабарона ҷиҳоди бузург шуморида мешавад, ки ба он бояд аз ҳама гуна мухолифатҳои берунӣ дида аҳамияти бузургтар дода шавад. (Муқоиса кунед, масалан паёми Исо «Сараввал кундаро аз чашми худ гир...». Бисёр низоъҳои берунӣ ба ин тариқ заминаҳои худро аз даст медоданд.) «Ҷиҳоди калима» намояндаи осоиштаи имон мебошад. «Ҷиҳод бо даст» мисоли амалкунандаву таълимдиҳандаи мусулмон аст. «Ҷиҳоди шамшер», ки ҳамчунин «Ҷиҳоди Хурд» номида мешавад, танҳо барои мудофиа кардани имондороне равона карда мешавад, ки зери ҳамла қарор ёфтаанд ва он набояд аз доираи худ берун барояд (муқ. кунед: Қуръон Cураи 2, 190) «Шиддати» рафтор бо намояндагони дигар адён дар Қуръон низ оварда шудааст. (Сураи 48, 29*, Сураи 47, 4*). Қоидаҳои маьмулии муомила миёни зану мард ва инчунин манъи ақди никоҳ бо пайравони динҳои дигар низ дар Қурьон ба тари муфассал вуҷуд доранд.

Ба амалияи Ислом дохил мешаванд:  «Шаҳодат додани ин ки дар олам ба ҷуз Оллоҳ Xудои дигаре нест ва Муҳаммад фиристодаи Xудо аст; гузоштани намози ҳаррӯза (Сураи 2,177*; 
ҳамасола доштани рӯза дар моҳи Рамазон (Сураи 2,185); 
аз рӯи имконот ҳадди аққал як бор дар ҳаёти худ сафар кардан ба Ҳаҷҷ (Сураи 2,196*);
Додани закоти мол (андоз бо мақсадҳои иҷтимоӣ) (Сураи 2,177*)».

Дар ҷаҳони Исломи муосир муассисаи мутамарказонидашудае вуҷуд надорад, ки масъалаҳои мазҳабиву одобиро дида барояд. Аммо эҳтимол меравад, ки дастурҳои аз тарафи аққалияти зиёди қозиҳои маъруф додашуда мавриди эътирофи бисёриҳо мегардад.

*) Мавриди истифода қарор ёфтаанд: „Қуръон, Тарҷумаи Руди Парет, нашриёти Kohlhammer-Verlag (бо забони олмонӣ). Тарҷумаи мазкур ба арзишҳои илмӣ мутобиқ буда, миёни тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ ва иловаҳои забонӣ, ки барои беҳтар дарк намудани он мусоидат менамояд, фарқ мегузорад. Инҷо фарзшумории дар олами ислом маъмули мисрӣ истифода бурда мешавад. Тарҷумаҳои дигар бошанд метавонанд яке аз ду навъҳои фарзшумориро истифода баранд. Дар ин сурат шумо метавонад иқтибоси зикршударо каме пештар ё баьд аз шумораи фарзи номбаршуда пайдо намоед. Маънии иқтибосҳои овардашуда бо „Қуръон, Тарҷумаи Руди Парет, нашриёти Kohlhammer-Verlag (бо забони олмонӣ) муқоиса карда шудаанд, ки ин тарҷума аз тарафи имомдорони олами ислом эътироф гардидааст (чунончи аз тарафи доктор Имонулллоҳ Хон, собиқ муншии олии Конгреси умумиҷаҳонии Ислом) ва шарҳи тарҷумони зикршуда тафсири анъанавии ҷараёнҳои исломиро ба инобат мегирад.

***) Салибкашиҳои таьрихии «масеҳӣ» низ дар aсосӣ Инҷил бa aмaл овaрда нашудa, балки амалиётҳои инсоние буданд, ки имрӯзҳо аз тарафи бисёр масеҳиёни аврупоӣ бa назари манфӣ дида мешаванд.

 бозгашт ба саҳифа

Сахифаи интернетии «Роҳи Исо» барномаи маърифативу маьлумотӣ аст. Он ба калисо, конфессионҳо ва ё дигар шаклҳои ҷамьиятҳои динӣ тобеь набуда, дорои фаьолити мустақил аст. (ва бар зидди ҳеҷ яке аз онҳо низ равона карда намешавад). Ин саҳифаи интернетӣ муносибатҳои осоишта ва фаҳмиши амиқро миёни адёнҳо ҷонибдорӣ менамояд «Роҳи Исо» барои ба даст овардани даромадҳои иқтисодӣ ва ё нуфузи сиёсӣ кӯшиш намекунад. «Роҳи Исо» миссиячигӣ набуда хостори ба дастовардани аъзоёни нав низ нест.